- арвоҳ
- [ارواح]а. ҷ. рӯҳ1. ҷонҳо, равонҳо2. д. рӯҳҳои мурдагон; арвоҳи пир зиёфате, ки аҳли як касб ба хотири пири он пеша, ки аз рӯи эътиқод ривоҷ ва касоди кори онон вобаста ба ризои хотири вай буд, барпо мекарданд; арвоҳи касеро аз худ розӣ кунондан д. рӯҳи каси мурдаро шод кардан (бо хондани дуо ё бо кори нек дар ҳаққи ӯ); арвоҳи касеро шод кардан касеро ёдоварӣ карда, рӯҳи ӯро аз худ розӣ кунондан; ба арвоҳи касе (дуою) фотиҳа кардан (хондан) а) д. каси мурдаро бо дуо ёд кардан; б) маҷ. касеро мурда пиндоштан, касеро мурда ҳисоб кардан; барои арвоҳи падарат (гузаштагонат) ба ҳурмати хотири мурдагонат (дар мавриди хоҳиш гуфта мешавад)3. дар санъати кимиёгарӣ гӯгирд, зарних, симоб ва навшодир, ки ба ақидаи қадимиён яке аз се қисми маъданиёт (арвоҳ, аҷсод (ҷасадҳо) ва аҷҳор (сангҳо) аст ва аз он ҷиҳат онҳоро арвоҳ мегӯянд, ки чун оташ ба онҳо мерасад, мепазанд
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.